Бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур, Қурбонов Муҳаммад- мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши иттифоқҳои касаба барои амалиёти сулҳ, ҳамраъйии башардӯстонаи аҳли меҳнат, ҳаракату якдилии шаҳрвандон баҳри сулҳу амният, соддиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анънана, расму оин ва ҳуввияти миллӣ, ҳимояи арзишҳои ваҳдати миллӣ, ғояҳои конститутсионии давлат суханронӣ намуд.

 

От admin