МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Нимаи дуюми рӯзи 27 октябри соли равон таҳти раёсати Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ бо раисони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардид.

Дар машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои устодону донишҷӯён аз рўи принсипҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, шароити арзандаи зиндагӣ, мусоидат намудан баҳри амалигардонии сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, назорати ҷамъиятӣ тибқи талаботи қонунҳо ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар омода намудани барномаҳои давлатӣ, рушди соҳаи маориф, илм ва шуғли аҳолӣ, намояндагӣ дар омода намудан ва амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, иштирок дар комиссияҳои баҳсҳои меҳнатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии аъзои иттифоқи касаба, дар сатҳи баланд баргузорӣ намудани конференсияҳои ҳисоботию интихоботӣ, таргибу ташвиқӣ ғояҳои истиқлолияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

От admin