БОХТАР. СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ФАЪОЛОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

Новости

Санаи 25-27 ноябри соли равон дар шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи консортсиум бо мусоидаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар доир гардид.

Дар давоми семинар, масъалаҳои ба роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, бастани созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, таҳлил ва баррасии мушкилотҳои мавҷуа дар сатҳи зарурӣ, таҳлил ва муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳали он, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор, тарзи таҳлил, татбиқ ва мониторинги нақшачорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар сатҳи минтақавӣ, шаҳр ноҳия ва муассиса ва дигар масъалаҳои марбут ба иттифоқи касабаи соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷамъбасти семинари омӯзишӣ ба фаъолони иттифоқи касабаи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Сертификати Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.