Барои бедор кардан ва тақвият бахшидани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон 10-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ вохўрии донишҷўён бо занони сулҳовар, ки дар барқарор намудани ваҳдату оромӣ дар кишварамон саҳм доранд, баргузор гардид. Ҷамъомадро намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Мамадалиева оғоз бахшида, аз нақши занони далеру шуҷоъ, ки ҷони худро сипар карда, барои миллату Ватан хизмат кардаанд, сухан гуфт.

     Адолат Узақова, собиқ раиси ноҳияи Турсунзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, то ба қадри ин оромию осоиштагӣ бирасанд. Мавсуф аз замони раиси ноҳия буданаш ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ касе ҷуръати роҳбар шуданро надошт. Мо, занон ин ҷасоратро аз Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омўхтем ва маҳз неруи муқтадири модар аст, ки касеву чизе ба он муқобил баромада наметавонад.

Саноат Усмонова, аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ваҳшонияте, ки нисбат ба аҳолии осоишта аз тарафи қувваҳои оппозитсионӣ раво дида мешуд, нақл кард. Хосият Вализода, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз эҷодиёти худ, ки мавзўи ватандўстию ваҳдатро дар бар мегирифт, шеърҳо қироат кард.

От admin