Анҷоми мусобиқаи футболи хурд байни наврасон ба ифтихори Рўзи ваҳдати миллӣ ва Рўзи ҷаҳонии футболи кўдакона

Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи наврасони шаҳри Душанбе ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи ҷаҳонии футболи кўдакона ҷамъбаст гардид.
Зикр гардид, ки 19 июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона эълон шудааст. Ин сана соли 2001 ба шарофати созишномаи байни ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадафи ин рӯз дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва ҳавасманд намудани онҳо дар ин риштаи варзиш мебошад.
Бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футболи кӯдакона дар мамлакат бо суръати баланд рушд мекунад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» тасдиқ гардид.
Варзишгари маъруфи тоҷик, ҷудокори рақами яки ҷаҳон байни сангинвазнҳо Темур Раҳимов дар анҷоми чорабинӣ, варзишгарони наврасро ба Рўзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки , ки
баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла футболи хурд ба ҷалби бештари кўдакон ба наврасон дар таътили тобистона ба мусобиқаҳои варзишӣ фарогирии онҳо ба солимгардонӣ, тарбияи муҳаббату садоқат ба Ватан, анъанаҳои миллӣ, дӯстиву рафоқат, омӯхтани малакаву маҳорати варзишӣ равона карда мешавад.
Дар ҷамъбасти мусобиқа варзишгари маълуфи тоҷик Темур Раҳимов дастаҳои ғолиб, бозингарони беҳтарини мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравии Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

От admin