Ин субҳ кўдакону наврасон шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои истироҳати тобистона дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи сайёҳию истироҳатии Варзоб сафарбар гардиданд.
Зимни сафарбарии кўдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳ таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, барои босамар гузаштани истироҳати кўдакон ва наврасон бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

От admin