1-уми июли соли 2025 таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои раёсат, кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, раисони ташкилотҳои соҳа иштирок намуданд.
Дар маҷлис, нахуст Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳисоботи Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас «Оид ба вазъи пардохти сафархарҷиҳо, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маориф» гузориши Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, «Оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷўёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» гузориши Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ ва «Оид ба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Иттифоқи касабаи муттаҳиддаи кормандон ва донишҷўёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва ба номи С. Раҳимов, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ» гузориши Расулов Б., мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
Дар кори маҷлис нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд. Баъди баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис қарорҳои дахлдори раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар фароварди кори маҷлиси раёсат, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои саривақтӣ ва бо сифати супоришҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», таъмини иҷрои қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дохилӣ, дар сатҳи баланд ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025, дар партави соли 2025 эълон гардидани «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба», тақвият бахшидан ба рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, самаабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» ба аъзоён раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва раисони ташкилотҳои соҳа дастуру тавсияҳо доданд

От admin