Санаи 15 феврали соли равон дар асоси нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мӯсобек Самизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд чанде аз собиқадорони соҳаи маориф, ки барои пешрафти соҳаи маориф солҳои дароз хидмат намудаанд, аёдат карда шуданд. Аз ҷумла Баҳриддинова Тавҳидахон, омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд ва Ҳоҷиев Саидмурод, профессори факултети Филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
Зулҳия Нозакзода зимни суҳбат бо аёдатшудагон иброз намуданд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф сол аз сол зиёд мегардад. Инчунин гуфта шуд, ки хидматҳои солҳои зиёд анҷомдодаи насли калонсол ҳамеша зери ғамхории Хукумати мамлакат қарор дорад.
Дар рафти суҳбат пирони барнодил, соҳибистиқлолии кишвари азизамонро намунаи дастоварди беҳтарин унвон намуда, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва ободиву шукӯфоии кишварамон даст ба дуо бардоштанд.

От admin