12 апрел таҳти раёсати раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм шунида шуд.
Сипас, оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузориши Расулов Б., мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ, оид ба вазъи қабул ва хориҷ аз аъзогии Иттифоқи касаба дар ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, гузориши Қ. Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ, оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Турсунзода, гузориши М.Қурбонов, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ шунида шуд.
Сипас, дар кори маҷлиси раёсат як қатор лоиҳаи қарорҳо, ҳамчунин, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 баррасӣ карда шуд.
Баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин додашуда, истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», иҷрои босифати қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳо, ташкили озмунҳо дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, Соли шарикии иҷтимоӣ эълон гардидани соли 2024 ба аъзои раёсат, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳо, раисони ташкилотҳои соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

От admin