Имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи модар, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе Нигина Ҷӯраева собиқадорони соҳаи маориф ва иттифоқи касаба Майдонова Саодат ва Назарова Ойдиной дидорбинӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дӯст доштан, эҳтиром намудан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
Зимни дидорбинӣ собиқадорони соҳаи маориф ва иттифоқи касаба аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниёти нек барои ғамхориҳои пайвастаашон карданд.
Таъкид гардид, ки бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

От admin