Ба ифтихори Рӯзи модар дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Одилбекова Лола Қиёбековна-узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони соҳаи маориф ва иттифоқи касаба Нурбибӣ Ниёзмамадова, Матлуба Каримзода, Гулрӯ Сатторова, ҳамоиши идона таҳти унвони «Дасти дуои модар» баргузор гардид.
Зикр гардид, ки модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
Таъкид шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занон ва духтарони иззатманди тоҷик илҳоми тоза бахшида, далели сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш собиқадорони соҳа ва донишљӯдухтарон бо туҳфаҳои молиявию хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

От admin