Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки сулҳу суботи комил дар кишвар таъмин аст. Дар арафаи 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, 15 феврали соли равон Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самизода Мӯсобек Самӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд аз дидбонгоҳи сарҳадии 02-14 «Баҳор» воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дидан намуда, барои афсарону хизматчиёни қисми ҳарбии мазкур, барои дастурхони идона маводи ғизоӣ дастрас намуданд.
Зикр гардид, ки ҷавонони бору номуси тоҷик дар ҳама давру замон барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷонфидоӣ кардаанд.
Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифоъи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.
Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони шуҷои Ватанро ба ифтихори 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу намуд.
Таъкид гардид, ки барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ кумаки ҳамаҷониба расонидан ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ин мақсад ба роҳ мондани ҳамкории зич бо онҳо вазифаи ҳамаи сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як фарди огоҳу солимфикри кишвар мебошад.

От admin