Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалиро , ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз таҷлил мегардад, ба мардуми шарифи кишвар самимона табрик менамояд.
Бигзор ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва хони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато намояд ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – Соли нави аҷдодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

От admin