«Мураббии сол-2017» муайян гардид

Новости

Тайи се рўз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» баргузор гардид. 12 январ дар толори Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон озмуни мазкур Чамъбаст гардид.

Сардори раёсати тахсилоти томактаби ва миёнаи умумии вазорат АбдуЧаббор Алиев аз номи вазири маорифи Чумхури, мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон иштирокчиёнро табрик намуда, изхор дошт, ки аз панч нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии рох дар озмун иштирок карда натавонист.

 

Ин аст, ки азназаргузарони дар байни чор нафар довталаб: Исмонова Матлуба – мураббияи кўдакистони раќами 98-и шахри Душанбе, Назарова Мухайё – мураббияи кўдакистони №5-и шахри Ќўрѓонтеппа, Исмоилова Мехрангез – мураббияи кўдакистони №8-и нохияи Б. Ѓафуров ва Минназарова Саъбагул – мураббияи кўдакистони раќами 8-и шахри Турсунзода гузаронида шуд.

 

А. Алиев хусусияту бартарихо ва пешниходи назархоро оид ба озмуни имсола, ки хеле пуршиддат ва дар фазои хамдигарфахми гузашт, тахлил карда, хулосаи ќарори хайати хакамонро оид ба баромади довталабон изхор намуд. Хайати доварон ба баромади М. Исмонова 155,5, С. Минназарова- 167, М. Назарова-191,5 ва М. Исмоилова 215 хол бахогузори карданд.

 

 

Дар натиЧа намояндаи вилояти Суѓд Мехрангез Исмоилова бо касби холи аз хама зиёд сохиби чойи аввал гардид. Ба мавсуф мукофоти аввал дар хачми ду хазор сомони ва тўхфахои хотирави супорида шуд. Хамчунин, тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Чумхурии ТоЧикистон» ва тўхфахои хотирави ќадршиноси карда шуданд. Аз Чониби Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тўхфахои пули супорида шуд.

 

Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон