17 июли соли 2026 таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н.-муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он, нахуст ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Дар кори маҷлис, ҳамчунин, гузориши Қурбонов М.С.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба вазъи пардохти рухсатиҳои менатӣ, сафархарҷиҳои кормандони соҳаи маориф, вазъи назорати ҷамъиятии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор» аз тарафи нозирони ташкилотҳои соҳа, гузориши Раҳимов Қ.- сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилотҳои соҳа, вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз баррасӣ гардид.
Сипас ҳисоботи раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис ба аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои соҳа ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар байни коолективҳои меҳнатї, қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳо, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар мавсими тобистон, назорати ҷамъиятии пардохти саривақтии маблағи рухсатиҳои меҳнати кормандони соҳа дастуру тавсияҳо дода шуд.



















