Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо доир карда шуд.

Рўзи 25 апрели мусобиқаи мазкур ҷамъбаст гардид. Дастаҳои футболи хурди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донигоҳи миллии Тоҷикистон  ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

 

Ҳамчунин аз тарафи Кумитаи тадорукоти мусобиқа ба беҳтарин даста, дар возабони беҳтарин, нишонзани беҳтарин мукофотҳои молиявӣ, «Сипоснома»-и вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷом ва медалҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Дар маросими пўшидавии мусобиқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Рамазон Сафар, намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаро бо мукофотҳои таъсисгардида сарфароз намуданд.

                                                                                                                                                                                                  

От admin