Ҳаргоҳе сухан аз иттифоқи касаба равад аз ӯ ҳатман ёд меоранд ва ҳолиё низ. Ӯ дар иттифоқи касаба шахси ҳирфаӣ аст. Дар солҳои солҳои 70-80 асри XX ӯ аз муваффақтарин ҷавонони Тоҷикистон буд. Дар синни 25 солагиаш депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, дар синни 30 солагиаш ҷонишини раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  ва дар синни 39 солагиаш Депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардида буд. Ӯ баландтарин ҷоизаи ҷавонон, яъне ҷоизаҳои комсомоли ИҶШС ва Тоҷикистонро шарафёб гардида буд. Ӯро дар синни 27 солагиаш бо ордени «Шарафи меҳнатӣ», дараҷаи 3, дар синни 31 солагиаш бо ордени «Инқилоби Октябр» ва дар синни 36 солагиаш бо ордени  «Байрақи Сурхи Меҳнат» сарфароз гардониданд. Корро дар иттифоқҳои касаба аз котиби ғайриштатии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон оғоз намуд. Дар синни 37 солагиаш ӯро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон интихоб намуданд. Баъди хатми Академияи меҳнати ИҶШС, баъдан Федератсияи Россия дуюмбора раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид ва дар ин вазифа то синни расидан ба нафақа фаъолият намуд. Агар навиштаҳои рӯзномаҳои солҳои 70-80 асри XX-ро нисбаташ ҷамъоварӣ намоем ва дар шакли китоб нашр намоем, даҳҳо китобро фаро мегирад. Ӯ шуҳратро дӯст намедорад, хоксор аст. Инсони шариф ва покизадилу покизагуфтор аст. Дар борааш метавон бисёр навишт, аммо барои корбарони шабакаи фейсбук ҳамин кофист, ки ба таври хеле мухтассар ӯро бишносанд. Ва зери ин чанд сатри кӯтоҳ, садҳо сатрҳои дигар нӯҳуфтааст, ки хонандаи фейсбукро ба андеша мебарад, андешае ба рӯзгор ва пайкори ин марди шариф ва муваффақтарин ҷавони тоҷики солҳои 70-80 асри XX. Пас зиндагиаш, кору пайкораш рӯзгоре барои ибрат аст.

                                           Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                            ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

От admin