Бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш  дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон  мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз рўи намуди тениси рўи миз дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Дар байни писарон Имомов М.-донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи якум, Саидов М. -донишҷўи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷойи дуюм ва Мансуров З. донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи сеюм ва дар байни духтарон Қурбонзода Ш.-донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи якум, Оксакалова. -донишҷўи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҷойи дуюм ва Раҷабова М. донишҷўи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Раиси Федератсияи тениси рўи мизи Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

От admin