БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

Новости

Имрӯз таҳти раёсати Одиназода Рамазон Сафар- Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа «Фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021» ҳисоботи Одиназода Рамазон Сафар- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Ҳамчунин, аъзоёни раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳоро  «Дар бораи бораи пурра намудани ҳайати раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Дар бораи ба Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021 гузаронидани масъалаи вазъи пешниҳоди рухсатиҳои меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои конференсияи ҳисоботию интихоботии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК, вилоятҳои Суѓд, Хатлон, ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суѓд, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Душанбе, Роѓун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод», «Дар бораи шомил намудани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»  ба сохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охири кори мачлиси раёсат Одиназода Рамазон Сафар- Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни раёсат, ҷиҳати иҷрои  саривақти қарорҳои раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон, рафти таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 101 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истироҳати кӯдакону наврасон дар соли 2021», протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19, супоришхои мушаххас доданд.    Ҳамчунин дар маҷлиси раёсат бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, таҳти №4 Одиназода Рамазон Сафар- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии афсари «КАПИТАН»-и эҳтиётӣ дода шуд. Рутбаи ҳарбиро ба Одиназода Рамазон Сафар намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур тақдим намуданд.