Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Анҷумани Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Вакилони Анҷуман фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи Комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 2014-2021 мавриди баррасӣ қарор дода, ҳайати нав, раис, ҳайати Комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуда, Барномаи амали самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2021-2028 тасдиқ намуданд.

Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, онро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ медонад. Иттифоқҳои касабаро бошад ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятии бонуфуз ва оммавии мардумӣ, эътироф менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.»

От admin