3 ноябри соли равон дар толори Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, Зулҳия Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯсобек Мироватов – Раиси иттифоқи касабаи командони маориф ва илми вилояти Суғд, Нуъмон Обидзода – муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдураҳим Қурбонов – сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд.

Чорабинро Мӯсобек Мироватов- раисиИттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд  ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Сипас, Зулҳия Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Обидзода-муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдураҳим Қурбонов -сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳозиронро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз  ҳар яки мо вазифадорем, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.

Дар маҷлиси тантанавӣ ба  собиқадорони соҳа,  ятимони кулл ва маъюбони муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёнаи касбӣ,  раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ, ғолибони спартакиадаи варзишӣ Ифтихонома, сипосномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мукофотҳои молиявӣ ва тӯҳфахои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Зимни тақдими мукофотҳои соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, таъкид гардид, ки аз замони зимоми давлатдории навини тоҷиконро ба даст гирифтани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазилати хоссаи давлатдории тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати тоза падид омад, ки муҳаррик ва меҳвари асосии он ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ – таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар  мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи Кӯдакистони Президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва ҷавонони санъаткор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

От admin