29 декабр таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.Нахуст дар кори маҷлис, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳри иҷрои босифат ва саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ гардиданд, ибрози андеша намуданд.Сипас ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» шунида шуд.Ҳамчунин, вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ҳисор, Восеъ, Рашт мавриди баррасӣ қарор гирифт.Аъзоёни раёсат лоиҳаи қарорҳо «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022», «Дар бораи Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ҳисор, Восеъ, Рашт», «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардиданд», «Дар бораи таъсиси гурӯҳи таблиғотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баъди муҳокима тасдиқ намуданд.Дар охири кори мачлис раёсат, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси раёсат баррасишуда, ба раисони ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ, раисони Иттифоқҳои касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, зерсохторҳо ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 супоришҳои мушаххас доданд.Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҳкими Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, Назарзода Нигора-доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба ва тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоғузанфаров С., Ширинзода М.- раисони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК ва Хатлон барои фаъолияти самарабахш дар соли 2021 ба Ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ҷӯраева Н.-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

От admin