Тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022 дар ҶДММ «Хоҷа Оби Гарм» барои раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, курси бозомӯзӣ оғоз гардид.

Зимни ифтитоҳи курси бозомӯзӣ, зикр гардид, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки: «Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.»

Раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, рӯзҳои 14-16 январи соли равон тибқи барномаи курси бозомӯзӣ дар бораи масъалаҳои тартиби ба вазифа қабул намудани корманд, талаботи ҳифзи меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ, низоми коргузорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, ташкили ҳифзи меҳнат, тарзи таҳия нақшаи таҳлия, дастури пешбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ, ҳимояи манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба, таҳияи лоиҳаи қарор, фармоиш, протокол, мактубу гузоришҳо, тарзи таҳияи ҳисоботҳои ҷорӣ, тартиби бастан ва иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.

От admin