ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ ЧОРАБИНӢ

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ки кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо дар ифтитоҳи чорабинии мазкур ширкат варзиданд.Хотиррасон менамоем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 инҷониб дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад. Он соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

От admin