Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи корӣ курси омўзиширо бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе санаи 26 апрели соли ҷорӣ оғоз намуд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ба курси бозомўзӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимие, ки аз ноҳияи Рўдакӣ ба ноҳияҳои шаҳри Душанбе ворид гардида буданд, даъват карда шуданд.

Мақсад аз баргузории курси омўзишӣ ин такмил додани маҳорату малакаи касбӣ, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ дар ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандони соҳа, ҷиҳати назорати таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароит ва манфиатҳои меҳнатии кормандон, низоми одилонаи пардохти музди меҳнат, риояи қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ дарҷ гардидааст, тақвият бахшидан мебошад.

Дар доираи барномаи курси омўзшӣ модераторон Раҳимов Қ.- сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов М.С.- мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуда, дар қисмати рўзи аввал Раҳимов Қ. ба шунавандагон дар мавзўъҳои «Иттифоқҳои касаба ва сабаби дар иттифоқи касаба муттаҳид гардидани кормандон», «Таърихи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, сиёсат ва ҳадафҳои иттифоқи касаба», «Корхои ташкилӣ, тартиби коргузорӣ ва хуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои иттифоқи касаба» машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ доир намуд.

От admin