Санаи 9-уми май барои мардуми шарифи Тоҷикистон, Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин Ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд.

Аз ин миқдор беш аз 92 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Ҳазорҳо нафар, кормандони соҳаи маориф, аъзоёни иттифоқи касаба дар корҳои ҷанг иштирок намуда, дар таъмини ѓалаба бар фашизм саҳми худро гузоштаанд, ки иштироки раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, шодраҳон Лутфулло Бузургзода намунаи барҷастаи қаҳрамонии фарзандони Тоҷикистон мебошад.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм аз он ифтихор дорад, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони далеру ватандӯсти мо аз мактаби шуҷоату мардонагии падару бобоёни қаҳрамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ барои пойдории сулҳу субот, рӯзгори орому осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои созандаи халқу миллатҳои гуногун талош меварзанд.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки сокини кишвар сулҳу субот, осоиш ва файзу баракат таманно менамояд.

Рӯзи Ғалаба муборак!

От admin