ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)

Новости

Масъалаи фаъолияти иттифоқҳои касаба дар солҳои ҶБВ ( 1941-1945) чун дигар соҳаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асарҳои муаррихон, очеркҳои таърихию илмӣ ва матбуоти даврии ҳамон солҳо ва баъди ҷангӣ ба таври муфассал, мунфисона арзёбӣ гардидааст. Мо танҳо ба вазъи иттифоқҳои касаба ба таври мухтассар чанд ишора хоҳем кард. Аввалан, тамоми заҳматкашон дар ин солҳо дар ақибгоҳи ҷангӣ ва иштирокчиёни набардҳои муҳорибаҳои ҷангӣ аъзои иттифоқҳои касаба буданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ – сиёсӣ ва талаботҳои ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд.
Корномаи ватандӯсти тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонї шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъйиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Шӯравӣ фиристонда мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд.
Бояд махсусан қайд, намуд, ки дар солҳои ҶБВ (1941-145) саҳми Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар қатори дигар иттифоқҳои касабаи соваҳӣ дар тайёр намудани кормандони соҳаи маориф барои омодагии ҷангӣ хеле назаррас буд. Бо ҳамин мақсад дар назди муассисаҳои таълимӣ, курсҳои кутоҳмуддати омодагии ҳарбӣ, маҳфилҳои тирандозӣ таъсис дода шуда буданд, ҳадафи асосӣ омода ва сафарбар намудани кормандони соҳаи маориф ва дигар аъзоёни иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ба ҷанг нигаронида шуда буд.
Масалан, танҳо дар вилоятҳои Кулобу Ленинобод дар охири августи соли 1941 Иттифоқҳои касаба 160 нафар омўзгоронро аз курси таълимии ҳарбӣ гузаронид. Дигар масъала, ин саҳм гузоштани иттифоқҳои касаба дар таъмини лавозимоти зарўрӣ (либоса, хўрока) дар ақибгоҳ барои фронт буд. Иттифоқҳои касаба низ дар қатори дигар ташкилотҳо ба ҷамъоварии маблағ, хариди аблигатсияи заёмҳо барои сохтмони «колонаи танк»- ҳо аъзоёни худро сафарбар намуданд.
Дар солҳои ҷанг, ки бештари кормандони маориф (омўзгорони деҳот) ба ҷанг сафарбар карда намешуданд, аммо саҳми муносиби худро дар таъмини ғалаба бар фашизм мегузоштанд. Масалан, бо иштироки иттифоқҳои касабаи кормандони мактабҳои миёна ва ибтидоӣ барои «колонаи танк» зиёда аз як миллион сум ва 856 ҳазор сумина, маблағҳои аблигатсияи заёмҳои давлатӣ харидор карда шуд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд.
Маълумот ба таври муфассал оид ба корнамоиҳои халқи тоҷик аз мақолаю китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонов М., Бобоҷон Алӣ., Т.Усмонов., Файзиев Ҳ., Бозорбоев М., Сафаров Р., Исҳоқов Б., Абдуллоев Р., Файзиев Ҳ., Шарифов Х., Раҳимов С. ва даҳҳо рисолаҳои илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, ҳуҷҷатӣ зикр намуд, ки дар он фидокориҳои заҳматкашони тоҷик, ҳар яке аъзои иттифоқҳои касабаи соҳаи худ буданд, зикр намуд.
Дар ин масъала мо наметавонем, номҳои қаҳрамонони тоҷикро дар ҷабҳои ҷанг оварем. Аммо зикри Лутфулло Бузургзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро қайд намуда, ки дар майдони набарди ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардид, ки мо мавзўи алоҳидаро дар ин китоб дар борааш ҷой додаем. Ҳамчунин, номи шодравон А. Атобоев., С.Азизов., Р.Дадобоев., М. Бобоҷонов., Б.Искандаров ва дигар кормандони иттифоқҳои касабаро номбурд, ки дар қатори ҳазорҳо нафар аъзоёни иттифоқҳои касаба барои таъмини ғалаба чӣ дар ақибгоҳ ва чӣ дар майдонҳои набард фидокорӣ нишон додаанд.
Дар ин солҳо низ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳаракати аъзои иттифоқи касаба-стахановчиён авҷ гирифт, агар дар оғози ҷанг танҳо дар муассисаҳои пойтахт 131-нафар стахановчиён амал мекард, пас дар соли 1943 ин шумора ба 2724-нафар расид ва шумораи ин шакли фаъолият дар солҳои минбаъда ба ҳазорҳо нафар расида буд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи ҷумхурӣ васеъ гардида, барои зудтар барқарор намудани хочагии халқ дар байни коргарон мусобиқаи сотсиалистиро ривоч доданд. Онҳо ба корхои ичтимоӣ, маданӣ ва маишӣ бевосита машғул гашта, ҳимоякунандаи хуқуқи мехнаткашон буданд. Моҳи сентябри соли 1948 Шурои Иттифокхои касабаи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт, ки 108 ҳазор аъзоро дар бар мегирифт.