Ҳамасола дар Тоҷикистон низ санаи 1 -Майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон таҷлил менамоянд, ки барои мардуми кишварамон ҷиҳатҳои хоси худро дорост. Ин ид асосан аз ҷониби иттифоқҳои касаба қайд карда мешавад ва аз санаҳои ба ҳаракати Иттифоқҳои касаба алоқаманд маҳсуб меёбад, ки мардуми меҳнаткаши тамоми дунё онро ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон қайд менамоянд.

Дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ аъзои иттифоқи касаба ошкоро ва якдилона бо корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ вохӯрию суҳбатҳо ва музокироту муколама анҷом медиҳанд.

Меҳнаткашони тоҷик дар ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ дар партави сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, баҳри боз ҳам пойдору мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон, баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи халқи Ватани азизамон меҳнат менамоянд, якдилии меҳнаткашон аз ҳар вақта дида аҳамиятноктар аст.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли меҳнатро даъват ба он менамояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат меҳнати содиқона ва самарабахш намуда, пешравиҳои назаррасро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба даст оваранд. Бо ниятҳои нек меҳнаткашони тоҷикро бо Рӯзи байналмилалии ҳамдилии меҳнаткашон табрик намуда, барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.

От admin