26 августи соли 2026 дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсзода Сайдалӣ- сардори шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТдар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раисон ва фаъолони ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм таҳти унвони «Истиқлол ва рушди иттифоқи касаба» конференсияи љумњуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихиест, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти хеш гирифтанд, 35-сола шуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омили асосии бунёди давлати соҳибистиқлол, барқарории сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа мебошанд.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Таъкид гардид, ки бузургтарин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ин мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24 октябри соли 2019 мебошад.
Мулоқоти мазкур дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон ва ба ҷашни якасраи Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи он мебошад, баргузор гардид.
Баъди баргузории ин мулоқоти таърихӣ ва судманд, бори аввал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро дар ҳамин рӯз- 24 октябри соли 2019 Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда буданд.
Дар раванди кори конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ», Шамсзода Сайдалӣ- сардори шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТдар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ.», Қаюмов Мавлавӣ – мутахассиси Итифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзўи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба» маърўза намуданд.
Дар анҷоми конференсия иштирокчиён андешаҳои хешро оид ба дастовардҳои иттифокҳои касаба дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, фаъолон бо мукофотҳои соҳавӣ, қадрдонӣ карда шуданд.














