КУШОДАШАВИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ФАЪОЛОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Новости

Имрӯз барои фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳу ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Консорсиум бо сарпарастии Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар семинари омӯзишӣ, фаъолони Иттифоқи касаба оид ба сохтор, мақсад ва вазифаҳои Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди назорати ҷамъиятӣ, коргузорӣ дар иттифоқи касаба, методҳои баргузории маҳфилҳо дар Иттифоқи касаба, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои касаба ва соҳаи меҳнат ва дигар масоили марбут ба фаъолияти Иттифоқи касаба, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.
Дар анҷоми семинари омӯзишӣ, фаъолон ба сертификати Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.