Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, мизи мудаввар дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар» барузор гардид.
Дар мизи мудаввар Қурбонов Муҳаммад, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов Қурбоналӣ, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ, Зикрзода Ҳобил, раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ роҷеъ ба масъалаҳои Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар маърӯза намуданд.
Зикр гардид, ки рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.
Эҳёи сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург арзёбӣ карда мешавад, ки ҳолати мазкурро мо аз дастовардҳои муҳими сатҳи давлатии дар партави Истиқлолияти давлатӣ бавуҷудомада дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баръало мушоҳида менамоем.

От admin