Дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон басти дуюми истироҳати кӯдакон ва наврасон ифтитоҳ гардид. Дар басти дуюми истироҳатгоҳ 400-нафар кӯдакон ва наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат фаро гардидаанд.
Зимни ифтитоҳи басти дуюми истироҳатгоҳ Ризозода Абдурозиқ, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Самариддин Асозода, сармуҳаррири нашрияи «Садои мардум» зикр намуданд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи кӯдакону наврасон дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад.
Кӯдакон ҳамчун насли нави ояндасози тоҷик баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кушиш намуда, бо ташаббусҳои ноҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд.
Истироҳаткунандагон барномаи ҷолиби фарҳангию ҳунарии хешро пешкаши ҳамсолон, волидайн ва меҳмонон гардониданд. Дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» тамоми шароит баҳри истироҳати кӯдакону наврасон фароҳам гардидааст.