Дар шаҳри Лежи Шоҳигариии Белгия Конференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо баргузор гардид, ки дар он дар қатори намояндагони иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми дигар кишварҳо Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Конференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупоро Лари Фланаган- Президенти КИКМА ва Сюзан Флокан-директори КИКМА ифтитоҳ намуда, сипас, вазири маорифи Шоҳигарии Белгия, вазири маорифи қисмати фаронсазабонони Шоҳигарии Белгия оид ба масъалаҳои мақоми омӯзгор дар ҷомеа, сифати таҳсилот, вазъи сифати барномаҳои таълимӣ, шарикии иҷтимоӣ, мушкилот ва дурнамои соҳаи маориф маърӯза намуданд.
Дар қатори дигар иштироккунандагон ва баромадкунандагон дар кори конференсия Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Аз ин рӯ, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бунёди низоми самараноки маориф буда, имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад.
Стратегияи дарозмуҳлати соҳаи маориф ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд.
Мақсади ислоҳот дар низоми маориф ба вуҷуд овардани низоми таҳсилоти босифат ва дастрас барои ҳамаи шаҳрвандон дар тӯли ҳаёт аст, ки иқтисодиёти кишвар бо кормандони босалоҳияти мутобиқ ба инфрасохтор ва технологияҳои муосиру инноватсионӣ асосёфта таъмин мегардад.
Ҳамчунин, дар рафти конференсия З.Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи Коунка Дамиановаро дар соли 2022 ба Борка Виснич-намояндаи Иттифоқи касабаи маорифи Ҷумҳурии Сербия тақдим намуд. Ёдовар мешавем, ки З.Нозакзода соли 2018 бо Ҷоизаи Коунка Дамианова соҳиб гардида буд.
Конференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо дар ду сол як маротиба баргузор гардида, оид ба масъалаҳои иттифоқи касаба ва маориф резолютсия ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд. Дар кори конференсия намояндагони Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо ва намояндаи ташкилотҳои ҳамузви Кумита шомил буда, масоили баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳифзи тақвияти иҷтимоии омӯзгорон, сифати таҳсилот, шарикии иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсилотро баррасӣ менамояд.

От admin