Дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон басти сеюми истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи басти сеюми истироҳати кӯдакону наврасон, Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбия, истироҳату фароғати кўдакону наврасон тамоми шароитро муҳайё намудааст. Бо таъкиди Пешвои миллат: «Шинохти дирўзу имрўзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кўдакон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.»
Дар басти сеюми истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истироҳату фароғат фарогир гардидаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ кӯдакону наврасон барномаи фарҳангии омоданамудаашонро баҳри болидагии ҳамсолони хеш намоиш доданд.

От admin