18 июл таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода Исмоил, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022» ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК», гузориши Қ.Раҳимов-сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи санҷиши вазъи молиявӣ, хоҷагидории Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Ховалинг, Файзобод», гузориши Каримов М.-раиси Комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи М. Қурбонов, раиси Комиссияи ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Аъзоёни раёсат лоиҳаи як қатор қарорҳо, аз ҷумла: «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК», «Дар бораи ҳисоботи Комиссияи ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2022», «Дар бораи санҷиши вазъи молиявӣ, хоҷагидории Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Ховалинг, Файзобод», «Дар бораи таҷлили иди касбӣ «Рўзи иттифоқҳои касаба-24 октябр», «Дар бораи бозхонд ва интихоби аъзои раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда қароҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар охири кори маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2022, қарорҳои Анҷумани XIII, Барномаи амали Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2028, иҷрои нақшаи маблағҳои аъзоҳаққӣ, суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, назорати ҷамъиятӣ оид ба пардохти маблағи рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳа, таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи иттифоқҳои касаба супоришҳои мушаххас доданд.

От admin