Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳ, раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, гирандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа Қурбонов Муҳаммад, муовини Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки «бо ифтихору қаноатмандии зиёд як нуқтаи бисёр муҳимро хотирнишон менамоям, ки тамоми дастоварду пешравиҳои дар сиву як сол ноилшудаи мо натиҷаи заҳмати содиқонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хурду бузурги халқи қаҳрамону заҳматкаши Тоҷикистон мебошад.».
Ҳобил Зикрзода, раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Холбобоев Иброҳим, донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гирандаи стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро оид ба ҷавонон ва истиқболи истиқлолият изҳор дошт.
Зикр гардид, ки Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

От admin