Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба, конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Иттифоқњои касаба дар тањкими манфиатњои иҷтимоии кормандон» баргузор гардид.
Конференсияро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки он ҳам ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, Рӯзи Иттифоқҳои касаба 24 октябр таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи Иттифоқҳои касаба, ҷашнгирии он ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Зеро дар ҳамин рӯз, яъне 24 октябри соли 2019, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда
Дар конференсия Ғоибназарзода Саид Муњаммадназар, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ректори Донишгоњи давлати Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмњои иқтисодї, дотсент дар мавзуи «Мушкилоти Иттифоқҳои касаба ва ҳифзи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо», Ёрзода Фозил Самӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои муаззми милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳои илму маориф», Самизода Мӯсобек Самӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, дар мавзуи «Нақши иттифоқҳои касаба дар дар даврони Истиқлоли миллӣ», Раҳимов Қурбоналӣ, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои шаклгирии иттифоқи касаба дар «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров» маърӯза намуданд.
Дар анҷоми конфренсия беҳтарин маърӯзаҳо бо мукофоти молиявӣ қадрдонӣ гардида, аводҳои конференсия барои чоп тавсия дода шуд.

От admin