29 декабр дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлиси раёсат, нахуст ҳисоботи Зулҳия Нозакзода, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуд.
Сипас Қ.Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои раёсат, пленум, барнома, чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022», «Дар бораи натиҷагирии раванди иҷрои Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» гузориш дод.
Аъзоёни раёсат, лоиҳаҳои қарорҳоро «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023», «Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои раёсат, пленум, барнома, чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022», «Дар бораи натиҷагирии раванди иҷрои Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи ҳавасмандгардонии молиявии кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи дастури тавсиявии «Тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар мувофиқа бо Иттифоқи касаба», «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории конференсия, мизи мудаввар, озмунҳо, чорабиниҳои байналмилалӣ, варзишӣ барои соли 2023», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд», «Дар бораи маҷлиси ҳисоботи даврии ташкилотҳо»–ро мавриди муҳокима қарор дода, тасдиқ намуданд.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси раёсат ба раисони ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ, ташкилотҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳаро вазифадор намуд, ки нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аъзоёни иттифоқи касаба тарғибу ташвиқ намоянд.

От admin