4 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар мавзӯи «Мушкилоти Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва роҳҳои ҳалли он» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид мушкилотҳои Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ва роҳҳои ҳалли минбаъдаи он маърӯза намуд.
Сипас Холов Х.Р., раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Зикирзода Ҳ., раиси Иттифоқи касабаи устолон ва кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Аминов Ш., раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи академик С.М.Осимӣ, Зоҳиров Ҳ., раиси Иттифоқи донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Исматуллозода Ф., раиси Иттифоқи касабаи Акдемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валиев М., раиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандону донишҷӯёни ДДД, Насриддинов И., раиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Ғуломюсупов Н., раиси Иттифоқи касабаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Эмомалиев С., раиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Олимов оид ба роҳҳои ҳалли мушкилоти иттифоқи касаба дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Зикр гардид, ки барои ҳалли саривақтии мушкилотҳо дар фаъолияти Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ баргузории мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишию дастурдиҳӣ ба роҳ монда шавад.
Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, татбиқи амалии он аз тарафи раисони Иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда мешавад.

От admin