Имрӯз дар Маҷмаии варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Маҷмааи варзишии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқҳои касаба» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе , мусобиқаи варзишӣ оғоз гардид.
Мусобиқа аз рӯи намуди футболи хӯрд ва шоҳмот миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе сурат гирифта, ғолибон бо мукофотҳои Маҷмааи варзишии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқҳои касаба» қадрдонӣ карда мешаванд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа, Қурбонов Муҳаммад, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муайян ва ҳалли вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва умумибашарӣ равона гардида, дар татбиқ ва ташкили мусобиқаҳои варзишии кӯдакону наврасон дар баробари муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм тавассути Маҷмааи варзишии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқҳои касаба» назаррас мебошад.

От admin