Дар партави қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 – эълон гардидани «Соли ҳифзи меҳнат» дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳ, нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки 24 октябри соли 2019 зимни вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.
Бо мақсади таваҷҷӯҳи корфармоёнро ба ин ҳолат ҷалб намудан Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2023 – ро ҳамчун «Соли ҳифзи меҳнат» эълон намудааст.
Аз раисон, нозирони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд даъват ба амал оварда шуд, ки барои самарабахш ташкил намудани муҳокимаи васеи масъалаҳои ҳифзи меҳнат, гузаронидани машваратҳо ва ҳамоишҳо таҳти шиори «Соли ҳифзи меҳнат» бо корфармоён тадбирандешӣ намоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар доираи шарикии иҷтимоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон барои меҳнати арзандаву солим ва бехатарии кормандони соҳа тадбирандешии саривақтӣ менамояд.

От admin