10 феврал дар толори варзишии Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Маҷмааи варзишӣ» ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот (Комёбова Фараҳноз, хонандаи синфи 9 МТМУ №72, Содирзода Зуҳур, хонандаи гимназияи 4, Сайфуллоев Мустафо, хонандаи синфи 10 МТМУ №51-и шаҳри Душанбе), аз рӯи намуди шашка (Шукруллоев Шамсулло, хонандаи синфи 8 МТМУ №51, Комёбова Фарангис, хонандаи синфи 8 МТМУ №74, Ёрализода Исмоил хонандаи синфи 6 гимназияи №4 шаҳри Душанбе) тӯҳфаҳои хотиравиро раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.
Дастаҳои футбоди хӯрди «Варзоб», «Нурафшон», «Иттифоқ» ғолиби мусобиқа дониста шуда ба «Ҷоми Маҷмааи варзишӣ» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчун омӯзгорон, мураббиён барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа бо «Ифтихорнома»-и Маҷмаи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

От admin