21 феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси пленум, нахӯст ҳисоботи И.Хӯҷаев, сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорї дар бораи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 шунида шуда, буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин, гузориши М. Қурбонов, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон», гузориши Қ. Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба вазъи риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Суғд, Хатлон, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ шунида шуд.
Аъзоёни пленум як қатор лоиҳаи қарорҳо: «Дар бораи бозхонд намудани аз ҳайати пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пурра намудани ҳайати пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022», «Дар бораи тасдиқи буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон», «Дар бораи вазъи риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Суғд, Хатлон, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ», «Дар бораи меъёри ҳиссаҷудокунии аъзоҳаққӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи «Тартиби ҷадвали ягонаи маоши вазифавӣ ва андозаи пардохти иловапулӣ ба маоши вазифавии кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи «Низомномаи Озмуни «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030», «Дар бораи пурзӯр намудани риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Дар бораи тасдиқи шаклҳои ҳисоботи оморӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарорҳои далдор қабул намуданд.
Дар анҷоми кори маҷлиси пленум, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни пленум, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳ, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба оид ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намудани эълон шудани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», таъмини иҷрои қарорҳои пленум, нақшаи кор, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023, эълон гардидани соли 2023- Соли ҳифзи меҳнат аз тарафи Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, риояи қонунгузории меҳнат ва иттифоқҳои касаба супориши дахлдор доданд.

От admin