Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқт касабаи кормандони маориф ва илм бо иштироки Ҳотамиён Абдурашид, намояндаи Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ».» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҳамасола, 23-юми феврал Рўзи таъсисиёбии Қувваҳои​ Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад.
Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи​ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу​ ваҳдати миллӣ​ —​ Пешвои миллат, Президенти ​ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан –Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

От admin