Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ, таъмини оммавияти варзиш дар байни аъзоёни Иттифоқи касаба, ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май, Спартакидаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба футболи хӯрд ва шоҳмот гузаронида мешавад.
Имрӯз, дар Маҷмааи варзишӣ Спартакиадаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе аз рӯи намуди футболи хӯрд оғоз гардид.
Чорабинии варзишӣ бо иштироки намояндагони Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифта дар он 12 дастаи муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе байни худ рақобат намуда, ғолибони даври минтақавӣ бо мукофотҳои таъсиснамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ гардида дар даври ниҳоӣ бо дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии вилоятҳои Суғду Хатлон рақобат менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки дирӯз дар шаҳри Хуҷанд даври минтақавии Спартакиади варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба футболи хӯрд ҷамъбаст гардида, дастаи футболи хӯрди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) ба даври ниҳоии Спартакиадаи варзишӣ роҳхат гирифт.

От admin