Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ, таъмини оммавияти варзиш дар байни аъзоёни Иттифоқи касаба, ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май, Спартакидаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба шоҳмот гузаронида мешавад.
Имрӯз, дар Донишгоҳи техникии Тољикистон ба номи академик М.С. Осимї, Спартакиадаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот оғоз гардид.
Чорабинии варзишӣ бо иштироки намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон сурат гирифта дар он 13 дастаи муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе байни худ рақобат намуда, ғолибони даври минтақавӣ бо мукофотҳои таъсиснамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ гардида дар даври ниҳоӣ бо дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии вилоятҳои Суғду Хатлон рақобат менамоянд.

От admin