Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Спартакиадаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе оид ба футболи хӯрд ҷамъбаст гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифта дар он 12 дастаи муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе байни худ рақобат намудаанд.
Дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ғолиби ҷойи якум, дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ғолиби ҷойи дуюм ва дастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолиби ҷойи сеюми даври минтақавӣ гардида бо мукофотҳои таъсиснамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд.
Дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов дар даври ниҳоӣ бо дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии вилоятҳои Суғду Хатлон байни ҳам рақобат менамоянд.

От admin