Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал барои дарёфти «Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ» ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футзали Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Муғулистон барои дарёфти «Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дастаи «Иттифоқ»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекард бо пирӯзӣ ба дастаҳои футзали Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Муғулистону Қирғизистон мақоми сеюмро касб карда бо Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ ва нишонҳои биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқот Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мусобиқаи анъанавии варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ» яке аз мусобиқоти бонуфӯзи варзишӣ дар байни кормандони Иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ буда, соли оянд Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мизбони мусобиқаи мазкур хоҳад шуд.

От admin