Имрӯз дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардуми Чин омӯзиш барои кормандони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Интернет + профсоюз» оғоз гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» София ШОИК аз шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардуми Чин хабар медиҳад.
Дар омӯзиш кормандони иттифоқҳои касаба аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ нахуст роҳбарияти шуъбаи сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии кафедраи савдои музофоти Хунан иброз намуд, ки дар айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки Чин ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ шартномаи ҳамкориро дар тамоми самтҳо, аз қабили фарҳанг, маориф, сайёҳӣ ба имзо расонида, ҳамасола нақшаи ҳамкории илмиву фарҳангиро таҳия менамоянд.
Мавзуи омӯзиши имрӯза барои кормандони иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ ҳамкории зич ва муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳоро ифода карда, қосиди сулҳу дустӣ, пешрафт ва рушд мебошад.
Бояд гуфт, ки омӯзиши мазкур аз 14 то 20 июни соли равон идома меёбад. Ин давраи омзӯшӣ аз баррасии мавзуи «Инноватсия ва инъикоси кори иттифоқҳои касаба дар заминаи Интернет» оғоз гардида, баъдан мавзуъҳои дигари мавриди назар муҳокима хоҳанд шуд.

От admin