18 июл дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023» шунида шуд.
Сипас, гузориши М.Қурбонов, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ «Дар бораи вазъи пардохти сафархарҷиҳо, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маориф», «Дар бораи натиҷагирии фаъолияти нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023», гузориши Қ.Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Истарашан, ноҳияҳои Масчоҳ, Спитамен, Варзоб, Файзобод, Восеъ, Ҷалолиддини Балхӣ» шунида шуд.
Аъзоёни Раёсат дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Раёсат, аз ҷумла: «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023», «Дар бораи вазъи пардохти сафархарҷиҳо, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маориф», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Истарашан, ноҳияҳои Масчоҳ, Спитамен, Варзоб, Файзобод, Восеъ, Ҷалолиддини Балхӣ», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2023», «Дар бораи натиҷагирии фаъолияти нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023», «Дар бораи ба чоп тавсияи намудани дастурҳои тавсиявии «Тартиби баргузории маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ дар Иттифоқи касаба», «Дар бораи ба чоп тавсия намудани дастури тавсиявии «Тартиби баргузории кори маҷлиси Пленум ва Раёсат дар Иттифоқи касаба»-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдоррро қабул намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати қарорҳои Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо доданд.
Супоришҳои дигар ба аъзоёни Раёсат ва раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба оид ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2023», пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои соҳаи маориф, пардохти саривақтии маблағи рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳа, фарогирии кормандон ба осоишгоҳу курортҳо, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.

От admin